Муроҷиати шаҳрвандон 95,5 фоиз ҳаллу фасл гардид
Ин
андешаро дирӯз дар нишасти матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали раиси Суди Олӣ Наим Мансуров баён намуд. Давоми нӯҳ моҳи
соли равон ба истеҳсолоти Суди Олӣ 1968 арзу шикояти шаҳрвандон дохил
шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 522 адад кам буда,
641 муроҷиат марбут ба парвандаҳои ҷиноятӣ, 1327 муроҷиат вобаста ба
парвандаҳои гражданианд. Аз миқдори умумии арзу шикоятҳо 1881 ё ин ки
95,5 фоиз ҳалли худро ёфта, 87 ададаш дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Муовин-раиси коллегияи ҳарбӣ С. Гиёев ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб
дода гуфт, ки судҳои ҳарбӣ давоми сол 482 парвандаи ҷиноятӣ кушода, 562
нафарро асосан бо ҷурми фирор аз қисми низомӣ маҳкум намуданд ва эзоҳ
дод, ки ин рақам назар ба ҳамин давраи соли пешин камтар аст.
Дар масъалаи ҳамкории ВАО бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саволу ҷавоби судманд
ба миён омад. Муовини раиси Суди Олӣ Зафар Азизов гуфт, ки таъмини
адолати судӣ танҳо рисолати мақомоти судист, на дигар мақомот ё шахси
алоҳида. «Вақте дар ин мавзӯъ менависем, бояд донем, ки суд мақомоти
тафтишоти пешакӣ нест. ӯ парвандаро ҳаматарафа таҳлилу таҳқиқ намуда
дар асоси ваҷҳҳои боэътимод гунаҳкор ё бегуноҳии шахсро муайян мекунад.
Ғайри суд ҳеҷ кас чунин салоҳиятро надорад».
Сабоҳат Муқумова, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
масъалаҳои ҳуқуқӣ, аз амали бонизоми Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар
ҷумҳурӣ сухан ронда, иброз намуд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба
таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ ғамхории доимӣ зоҳир менамоянд. Дар
нишаст хабарнигорон ба дигар саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
|