Содиршавии чиноятхо кохиш ёфт
Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон генерал-лейтенант Махмадназар Солехов дар нишасти матбуоти изхор дошт, ки дар нух мох 9044 чиноят ба кайд гирифта шуд, ки назар ба хамин давраи соли гузашта 3,6 фоиз кам мебошад. Масалан, холатхои касдан расондани зарари вазнини чисмони ба саломати, дузди аз хонахои истикомати, содир намудани чиноят бо истифода аз яроки оташфишон мутаносибан 2.9, 5,1 ва 17,4 фоизи поён рафт. Дар ин муддат кормандони макомот бахри ошкор намудан ва кушодашавии чиноятхо бештар талош варзиданд. М. Солехов аз хусуси баланд бардоштани маърифати хукукии шахрвандон сухан ронда, изхор намуд, ки на дар хама холат онхо ба макомоти хифзи хукуку тартибот хамкори менамоянд ва аз хусуси содиршавии чиноятхо сари вакт хабар медиханд. Масалан, шахрвандон Гадоевхо аз шахри Хучанд дар давоми соли 2007 бештар аз 80 чиноят содир намудаанд. Онхо 160 нафар шахрвандро ба доми фиреби худ андохта, ба хотири ба хорича фиристодан аз онхо маблаг ситондаанд. То ошкор гардидани ин чиноят ягон нафари чабрдида ба макомот хабар надодааст. Хабарнигорон аз хусуси пайи хам дар бозорхои «Корвон» ва «Шохмансур» рух додани сухтор нигарони намуданд. Вазир гуфт, ки аз 9 холати сухтор аксар ба сабаби надонистани коидахои истифодабарии барк рух додааст. Бо вучуди ин тафтиши холатхои сар задани сухтор идома дорад. Хабарнигорон хамзамон ба як катор саволхои дигари худ чавобхои аник гирифтанд.
А. АСКАР, «Чумхурият»
Источник: http://www.jumhuriyat.tj |